Ҷаласаи навбатии Ситоди сайёри вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19»

Ҷаласаи навбатии Ситоди сайёри вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19»
Сентябр 08
07:34 2020

Дар шаҳри Хуҷанд Ситоди сайёри навбатии вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» бо масъулини соҳаи тандурустӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ  баргузор гардид.

Нахуст аз ҷониби муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев, сардухтурони Марказҳои саломатии шаҳр ва дигар хадамоти соҳаи тандурустӣ оид ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» пурсиш ба амал оварда шуд.

Дар ҷараёни Ситод таъкид шуд, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дуввуми бемории сироятии COVID-19 хуруҷ карда, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар ҳолати риоя нашудаи талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтимоли паҳншавии дубораи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар ин самт ҳар як масъул, дар навбати худ тамоми шаҳрвандон вазифадоранд, ки барои пешгирии мавҷи дуюм боэҳтиёт бошанд. Риоя намудани тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти муҳим ва зарурӣ дар мубориза бо ин вабои аср аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412