Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)
Январ 19
16:11 2018

Дар санаи 19 январи соли 2018 ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба “Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)” таҳти раисии Умарзода С.Ғ., муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки Котиботи миллии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар маҷлисгоҳи Маркази ҷумҳуриявии иммуннопрофилактика  баргузор гардид. Тибқи нақша, дар ҷаласа ҳисоботи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Ҳамойиши глобалии Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) дар шаҳри Абидҷани кишвари Кот де Ивуар, иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ташкили гурӯҳҳои корӣ назди вазорату идораҳои аъзои Шӯро, лоиҳаи нақшаи солонаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ барои соли 2018 ва ҳисоботи ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба иҷрои лоиҳаҳо дар соли 2017 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.

Чорабинии мазкурро Саида Умарзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ғизо ёдовар шуда гуфтанд: “Дар соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳаракати глобалии васеъкуни ғизо (SUN) гардид. То ин дам Тоҷикистон дар самти иҷрои ӯҳдадориҳои худ қадамҳои устувор мегузорад. Далели ин таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қабули “Стратегияи рушди устувори ѓизои мактабї дар Љумњурии Тољикистон то соли 2027”, таҳияи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, гузаронидани Форумҳои ғизо дар мавзӯи “1000 рӯзи тиллоии ҳаёт-асоси рушди миллат” дар шаҳри Душанбе ва Қӯрғонтеппа, Тадқиқоти II-и тиббӣ-демографӣ, таҳияи Нақшаи амали байнисоҳавӣ дар чорчӯбаи “Ҳаракати глобалии всеъкунии ғизо” аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ ва таъсиси Котиботи миллии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ шуда метавонанд.” Махсус таъкид шуд, ки масоили ғизо дар маркази таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат қарор дорад ва масоили солимии аҳолӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар паёми Президенти кишвар инъикос гардиданд.

Дар идомаи ҷаласа Моҳтоб Одинаева, сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамойиши глобалии васеъкунии ғизо, ки аз 7 то 9 ноябри соли 2017 дар кишвари Кот де Ивуар баргузор гардид ҳисоботи мухтасар пешниҳод намуд.

Шералӣ Раҳматуллоев дар бораи аҳамияти ташкили гурӯҳҳои корӣ назди вазорату идораҳои аъзои Шӯро тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017 ҳарф заданд ва таъкид намуданд, ки ин як кори муҳим барои самаронок ташкил намудани кори Шӯро ва мушовирони байналмилалӣ дар раванди таҳияи Нақшаи амал ва ҳисоби арзиши хароҷотии фаъолиятҳои байнисоҳавӣ барои ғизо мебошад. Дар фаҳмонидани мазмуну мақсадҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ба роҳбарияти вазорату идораҳои марбута нақши аъзоёни Шӯро калидӣ таъкид шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар соли 2018 марҳилаи дувуми таҳияи Нақшаи амали байнисоҳавӣ оид ба ғизо аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оғоз мегардад. Дар идомаи ҷаласа аъзоёни Шӯро атрофи лоиҳаи Нақшаи кории Шӯро барои соли 2018, ҳисоботи ташкилотҳои байналмилалӣ аз рӯи фаъолияти онҳо дар соли 2017, пешниҳодҳои аъзоёни Шӯро ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дар охир, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ Саида Умарзода ба Котиботи миллии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) ва дигар аъзоёни Шӯро супоришҳои мушаххас доданд ва ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа  барои иштироки фаъолонаашон арзи сипос намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412