Ҷаласаи Шӯрои байнисоҳавии ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» баргузор гардид

Ҷаласаи Шӯрои байнисоҳавии ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020»  баргузор гардид
Май 02
13:05 2018

Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои байнисоҳавии ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкурро  Мирҳамуддин Камолзода,  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари намуда, дар кори он   Дилором Содиқова, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандон ва сардорони саёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвар ва мутахассисони созмонҳои байналмиллаливу шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Мирҳамуддин Камолзода, зимни баромади ифтитоҳии хеш аз  дасгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба табақаҳои эҳтиёҷманди кишвар бахусус тоифаи маъюбон изҳори қаноатмандӣ ва хушҳоли намуда аз ҷумла иброз намуд, ки; «қишри эҳтиёҷманд ва маъюбони кишвар зери таваҷҷӯҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки имрӯз вобаста ба дастгирии эҳтиёҷмандону маъюбони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои амалии зиёде роҳанзодӣ гардидаанд».

Дар кори ҷаласа вобаста ба рафти амалисозии «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва тасдиқи нақшаи якҷояи амалишавии «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» маърӯзаҳо шунида шуда, роҷеъ ба ин ва дигар мазӯоти марбут ба соҳа гуфтушунид сурат гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412