ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат барои табобати сокинон ва низомиёни дар муноқишаҳои марзӣ зарардида табибони варзида ҷалб гардиданд

ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат барои табобати сокинон ва низомиёни дар муноқишаҳои марзӣ зарардида табибони варзида ҷалб гардиданд
Сентябр 19
10:35 2022

18 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҷароҳатбардоштагони муноқишаҳои ахири марзиро аёдат намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни аёдати захмиёни даргириҳои охир иттилоъ дода шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табобати сокинони зарардида табибони варзидаи вилоят ҷалб гардида, беморон бо доруворӣ ва хӯроки гарму ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Афсарону сарбозони тоҷик бо баҳои ҷони худ марзу буми Ватанро аз ҳуҷуми мусаллаҳонаву аҳдшиканонаи неруҳои низомии Қирғизистон  ҳимоят карда, бо азхудгузаштагӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон чанд нафар афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ, ки ҷароҳат гирифта буданд, ба табобат фаро гирифта шуданд.

Вазъи зарардидагон таҳти назорати шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 32
  • 41
  • 1,085,860