Аз фаъолияти семоҳаи вазорат натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти семоҳаи вазорат натиҷагирӣ карда шуд
Апрел 24
13:30 2020

Имрӯз, 24 апрели соли равон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ҷалсаи онлайнӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа тариқи онлайн ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини  якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти вазорат дар се моҳи аввали соли ҷорӣ баромад намуд.

Зикр гардид, ки тақвият бахшидани сиёсати кадрии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Бино ба маълумоти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ» ба 1 январи соли 2020 миқдори умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 19 080 ва 53 982 нафарро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои таъминотнокӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба 10 000 аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутаносибан 20,9 ва 59,1 – ро ташкил кард.

Тибқи ҷадвали воҳидҳои корӣ дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 1596 нафар табибон, 1500 нафар кормандони миёнаи тиб ва 860 нафар кормандони ёрирасон, ҷамъ 3956 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ҳуҷҷатҳои 1520 нафар мутахассисон ба Комиссияи марказии аттестатсионӣ барои гирифтани сертификат пешниҳод гардида, 894 нафар мутахассисон (655 нафар табибон ва 239 нафар кормандони миёнаи тиб) аз санҷиши тахассусӣ гузашта, дорои сертификати мутахассис гардиданд.

Қобили зикр аст, ки давоми се моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳаи тандурустӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шӯъбаҳои он дар давраи ҳисоботӣ 986 нафар шунавандагон (479 нафар табибон ва 507 нафар кормандони миёнаи тиббӣ) аз давраҳои такмили ихтисос ва курсҳои ихтисосгирии аввалия гузаштаанд.

Ҳамагӣ дар 3 моҳи соли 2020 аз муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмӯъ 2349 нафар кормандони тиббии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд.

Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, фаъолият дар самти мазкур дар 3 моҳи соли 2020 давом дода шуд. Аз ҷумла дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 719 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 49 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар  3 моҳи соли 2020 бошад, ба 30 нафар бемор (дар 3 моҳи соли 2019 – 31 бемор) амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 5 нафар (дар 3 моҳи соли 2019 – 4 бемор) ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст.

Инчунин, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхиси ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шӯъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 13 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст. Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 137 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 45 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 33 нафар аз Исроил, 29 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ва боқимонда аз ҷумҳуриҳои мухталиф – давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд. Дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» то имрӯз ба 84 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст, ки 11 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар 3 моҳи соли 2020 дар муассисаи мазкур ба 7 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тиббии хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» дар маҷмӯъ 421 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар 3 моҳи соли 2019 – 398) 473 амалиёти ангиография (дар 3 моҳи соли 2020 – 444) ва 169 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар 3 моҳи соли 2019 – 134), инчунин, дар муассисаҳои тиббии мамлакат, дар 3 моҳи соли 2020 ба 56 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар 3 моҳи соли 2019 – 57) гузаронида шудаанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки айни ҳол бо фармоишҳои алоқаманди вазорат аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаи муасисаҳои дахлдори соҳа ва коршиносон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, лоиҳаҳои «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи гепатитҳои вирусӣ» ва «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» барои солҳои минбаъда таҳия карда шуда истодаанд.

Бо мақсади беҳтар намудани имкониятҳо барои ҳифзи саломатӣ ва ғизогирӣ, нигоҳубини ғамхорона ва оғози барвақти таълими кӯдак лоиҳаи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали тиллоии ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020 – 2025” аз тарафи аъзоёни гурӯҳи кории байнисоҳавӣ таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Дар доираи иҷрои “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” лоиҳаи “Дастури клиникӣ оид ба дарёфт, муоина, дахолати саривақтӣ ва тавонбахшии кӯдакони гирифтори бемории вайроншавии спектри аутистикӣ” ва лоиҳаи “Стандартҳо оид ба дахолати саривақтӣ” таҳия гардиданд ва ҳоло дар сатҳи мувофиқа қарор доранд.

Дар самти танзими фаъолияти тибби хусусӣ айни ҳол дар кишвар 702 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ (343 адад шахсони ҳуқуқӣ бо 61 филиал  ва 299  адад шахсони воқеӣ) фаъолият мекунанд.

Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 нишон медиҳад, ки бемориҳои домана, вараҷа, зуком, сироятҳои ниҳоят хавфнок ба монанди табби хунин, сухтанӣ, вабо  ва тоун  ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар давоми се моҳи соли 2020 дар 148 адад муассисаҳои тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шуда, вобаста ба камбудиву норасогиҳои ошкоргардида ҳангоми гузаронидани санҷишҳои болозикр як қатор чораҳо андешида шуданд, аз ҷумла нисбати 92 нафар кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозотҳои маъмурӣ ба маблағи умумии 74 661 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шуданд.

Аз ҷониби Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва раёсату шӯъбаҳои он дар ин давра дар вилоятҳо тибқи 164 қарор фаъолияти 184 муассисаҳои фарматсевтӣ, инчунин бо 80 қарору фармоиш 82 муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва дар асоси 85 қарор 149 нуқтаи савдои маводҳои ороишию гигиениро зери зери санҷиш қарор дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон ва беморони рӯҳӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби сарпарастон ба маблағи 6859 сомонӣ, аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони саховатпеша, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба маблағи 189 833,4 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 196 692,4  сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ ворид гардидааст.

Дар семоҳаи соли 2020 дар 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ  маълумоти  24526 хонавода ба системаи иттилоотии кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ (АСИСТ) ворид карда шуда, аз онҳо 21870 хонавода (оила) барои гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намуданд, ки аз ин шумора шахсони яккаву танҳои пиронсол 566 нафарро ташкил менамоянд. Шумораи гирандагони кӯмаки унвонии иҷтимоӣ  ба ҳолати  6 марти соли 2020 бо назардошти гирандагони кӯмакпулии соли гузашта 97157 нафар (оила) мебошад. Маблағгузории кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар ин давра 2 миллиону 815 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати ташкил ва ба роҳ мондани такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар  Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” корҳои омодабошӣ анҷом ёфта, дар давоми семоҳаи аввал 27 нафар кормандони иҷтимоӣ ба бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа ба масъалаҳои пешгирии сирояти коронавирус ва авҷ гирифтани бемории илтиҳоби шуш (пневмония) диққати махсус зоҳир карда шуд.

Бо назардошти он ки вақтҳои охир гирифторшавӣ ва фавти шаҳрвандон аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба назар мерасад, ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дода шуд, ки  дар ҳолати дарёфт гардидани беморони мазкур фавран онҳоро ба ташхис ва табобат фаро бигиранд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти коронавирус дар мамлакат бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 23 январи соли 2020, №37 Ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сироятҳои вирусӣ таъсис дода шуда, 24 январи соли 2020 “Нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 30 январи соли 2020 “Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардиданд.

Инчунин, бо мақсади ташкил ва пурзӯр намудани назорати эпидемиологии сирояти коронавируси нави  Covid-19  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 феврали соли 2020, №59 Дастурамал “Оид ба фаъолияти гурӯҳҳои мобилии зудамал бо мақсади пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рӯйхати гурӯҳҳои мобилии зудамал тасдиқ гардид.

Таъкид карда шуд, ки новобаста ба он ки то имрӯз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо барои дар ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта муассисаҳои тандурустӣ ҳамҷониба омода бошанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, дар ҳолатҳои ба қайд гирифтани сирояти мазкур таъмини шӯъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус,  таъмин намудани табибон бо либосҳои худмуҳофизатӣ ва дигар масъалаҳои вобаста мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус, аз ҷумла  захира намудани мавод ва молҳои тиббӣ, муҳайё намудани шароит ва имконоти мусоид ба шаҳрвандоне, ки дар карантин қарор доранд ва масъалаҳои марбута ҳисобот доданд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ва андешидани чораҳои қатъӣ бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба кишвар, рафъи камбудиву мушкилотҳои мавҷудаи соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412