Ба беморхонаи №2-и шаҳри Турсунзода мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид

Ба беморхонаи №2-и шаҳри Турсунзода мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид
Июн 18
11:33 2022

Ба беморхонаи рақами 2-и  шаҳри Турсунзода, ки дар Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳр ҷойгир аст, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошини ёрии таъҷилии тамғаи «NISSAN URVAN NV- 350», ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дефибриллятор, зарф ва ингалятори оксигенӣ, дастгоҳи шамолдиҳӣ, сфигмоманометр бо стетоскоп ҷиҳозонида шудааст, туҳфа гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз беморхонаи рақами 2-и  шаҳри Турсунзодда иттилоъ доданд.

Ин мошини замонавии Ёрии таъҷилӣ барои бехатар интиқол додани беморони ҳолаташон вазнин ба дигар беморхонаҳои ҷумҳурӣ муфид буда, аз лаҳзаҳои аввали вориди он гардидани бемор таҷҳизоти зарурӣ фаъол гардида, ёрии кафолатноки аввалини тиббӣ шурӯъ мешавад.

Сардухтури ин беморхона Саида Назарова иброз дошт, ки «дар соли равон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ин муассиса дастгоҳҳои барқии дил, оксигенератор, кардиоманитор ва узӣ ворид шудааст. Ин дастгоҳҳои замонавӣ дар ташхису табобати беморон кумаки асосӣ мерасонад».

Солҳои қаблӣ беморхонаи мазкур бо надоштани чунин як мошини ёрии таъҷилии замонавӣ мушкилӣ дошт. Хушбахтона, бо дастрас гардидани ин навъи мошини ёрии таъҷилӣ мушкилии беморхона бартараф гардид. Аз ин рӯ нисбати ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат табибони ин беморхонаро зарур аст, ки ҷиҳати адои вазифа  пурмасъулият буда, ба сокинони диёри хеш содиқона хизматрасонӣ кунанд.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411