Ба беморхонаи марказии Панҷакент маводи дорувории «Инвокана» тақдим карда шуд

Ба беморхонаи марказии Панҷакент маводи дорувории «Инвокана» тақдим карда шуд
Май 21
08:57 2022

Дар идомаи давраи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз номи роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ ва муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент миқдори зиёди дорувории «Инвокана», ки барои бемориҳои қанд пешбинӣ гардидааст, тақдим гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад.

Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона мешавад.

Фаъолияти ҳизб барои мусоидат намудан ба гузаронидани ислоҳоти муназзам дар соҳаи тандурустӣ, беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, махсусан барои аҳолии камбизоат ва мардуми деҳот, таъмини иҷрои самараноки «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои кумаки тиббию санитарӣ”, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизот ва маводи доруворӣ ва таблиғу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа равона мегардад.

Маводи дорувориро роҳбарияти муассиса дар ҳузури муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ қабул намуда, ба роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва талошҳои пайгирона ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос намуд.

Акс: КИМ ҲХДТ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412