Ба истифода додани Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳунаромӯзии маъюбони “Даргоҳи умед”

Ба истифода додани Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳунаромӯзии маъюбони “Даргоҳи умед”
Июн 03
09:33 2021

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки 18 августи соли 2020 доир гардида буд, зикр намуда буданд:

“Бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтар барои бошандагони муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дар мувофиқа бо Вазорати молия аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии соҳа ва бо ҷалби шарикони рушд масъалаи азнавсозӣ ва сохтмони муассисаҳои наву замонавиро дар солҳои минбаъда роҳандозӣ намояд”.

Дар ин росто, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагиро дар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҷалби шарикони рушд,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон, тоҷирон ва саховатмандон тавассути доир намудани ҳашарҳои оммавӣ идома бахшида, бобати таъмир, азнавсозӣ ва таҳҷизонидани муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сохтмони Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳунаромӯзии маъюбони “Даргоҳи умед” дар шаҳри Хуҷанд ба итмом расонида шуда, бо иштироки намояндагони Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва намояндагони Агентӣ расман кушода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳунаромӯзии маъюбони «Даргоҳи умед» Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва намояндагони марказҳои будубоши рӯзонаи вилояти Суғд иштирок намуданд.

Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳунаромӯзии маъюбони «Даргоҳи умед» аз 2 ошёна ва 13 ҳуҷраи калони корӣ иборат буда, барои инкишофи кӯдакони дорои имконияти маҳдуд шароити беҳтарро фароҳам меоварад.

Айни замон дар маркази болозикр 15 нафар омӯзгорону равоншиносон ба 36 нафар кӯдакони дорои имконияти маҳдуд тарзи ифодаи хондан ва касбомӯзиро ба роҳ монда, ҳунарҳои дузандагию рассомӣ, доиранавозию сурудхониро меомӯзонанд ва шумораи истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ  то охири сол ба 100 нафар расонида мешавад.

Сохтмон ва ба истифода додани Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳунаромӯзии маъюбони “Даргоҳи умед” дар шаҳри Хуҷанд тӯҳфаи арзандаест бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола  1 июн ҷашн гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки корҳои ободонию созандагӣ дар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411