Ба истифода додани Шӯъбаи молекулярии генетикӣ (АКС)

Ба истифода додани Шӯъбаи молекулярии генетикӣ (АКС)
Март 17
11:55 2020

Имрӯз, 17 марти соли равон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯъбаи молекулярии генетикӣ  ба истифода дода шуд.

Шӯъбаи мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, ки дар кишвар солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст,  мавриди истифода қарор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои мубрами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан, тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ равона гардида, дар марказ  шаҳодатгардонии тиббии шахсони воқеӣ, экспертизаи тиббию судии ҷасад, экспертизаҳои муҳим ва мураккаби комиссионӣ, экспертизаҳои далелҳои шайъии биологӣ, экспертизаҳои тиббию судии кимиёвӣ ва тиббии криминалистӣ  ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки то имрӯз дар марказ гузаронидани экспертиза ва тадқиқоти молекулярии генетикӣ ғайриимкон буд.

Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ”-экспертизаи судӣ бояд дар сатҳи илм ва техникаи муосир гузаронида шуда, хулосаи экспертизаи судӣ воқеъӣ ва илман асоснок бошад.

Бо мақсади гузаронидани экспертиза ва тадқиқоти молекулярии генетикӣ сохтмон ва таъмири капиталии Шӯъбаи молекулярии генетикӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2019 оғоз гардида, он имрӯз мутобиқ ба талаботи муосири лабараторияҳои генетикӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ибтидои соли 2020 таҷҳизоти зарурӣ иборат аз 40 номгӯ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ ва ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ”  дастрас гардид.

Дар давоми корҳои насбӣ ва омодагии ибтидоӣ дар лаборатория то ифтитоҳи шӯъба 2 адад экспертизаи молекулярии генетикӣ, аз қабили муқаррарнамоии падарӣ ва идеттификатсияи ҷасади шахсияташ номаълум гузаронида шуда, натиҷаҳои воқеъӣ ва илман асоснок ба даст оварда шуданд.

Қобили зикр аст, ки соли 2017 мутахассиси ҷавони марказ Ёрбоев Акмал бо мақсади тахассусгирии ибтидоӣ дар самти экспертизаҳои молекулярии генетикӣ ба Маркази тахассугардонидашудаи “Маркази экспертизаи тиббию судии Федератсияи Россия” сафарбар гардида, солҳои 2018-2020 дар заминаи лабораторияи молекулярии генетикии Маркази экспертизаи тиббӣ-судии вилояти Суғд малакаи касбии худро такмил ва барои фаъолияти кории мустақилона омода гардида, айни замон дар Шӯъбаи молекулярии генетикӣ фаъолият намуда истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки шӯъбаи мазкур бо лабараториҳои молекулярӣ ва тадқиқоти генетикӣ (ДНК) ба амалияи экспертизаи дигар давлатҳои пешрафта пурра ворид шуда, натиҷаҳои амалии чунин намуди тадқиқот барои ҳалли масъалаҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ назаррас ба шумор меравад. Бо таҳлили риёзии (математикӣ) натиҷаҳои тадқиқоти молекулярии генетикӣ, хулосаи экспертизаи тиббию судӣ нишондиҳандаи дараҷаи исботии зиёда 99,9 %-ро доро мегардад, ки маҳс ҳамин омили тадқиқоти ДНК боиси ҳалли масъалаҳои муҳими тафтишоти ба ҳисоб меравад.

Маврид ба зикр аст, ки сатҳи ташкили экспертизаи молекулярии генетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикисон ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ”  мутобиқ гардонида шудааст.

Бояд гуфт, ки айни замон дар сатҳи зермуассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 лабораторияи алоҳидаи молекулярии генетикии тиббию судӣ фаъолият намуда истодаанд, ки имконият ва заминаи гузаронидани экспертизаҳои тиббию судии иловагӣ, такрорӣ, комиссиявӣ ё худ алтернатива таъмин карда шуда, ҳамзамон, талаботи мазкур на танҳо  ҷавобгӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки яке аз талаботҳои байналмилалӣ дар раванди экспертизаҳои судӣ маҳсуб меёбад.

Таъкид карда шуд, ки бо гузаронидани  экспертизаҳои молекулярии генетикӣ имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ метавонанд муаммоҳои зерин ҳалли худро ёбанд: муқаррарнамоии шахсияти инсон аз доғҳо ва объектҳои гуногуни биологӣ (хун, луоб, мӯй, пайванду тағояк, мушак ва дигар узвҳои дохилии инсон), муқарранамоии робитаи авлодӣ (падарӣ, модарӣ, фарзандӣ), муқарранамоии шахсияти гумонбаршаванда аз ҷанин (эмбрион), диффлизис аз муҳтавои роҳҳои таносули зан, ҷудо намудани ҳуҷайраҳои ҷинсии мард аз зан бо мақсади муайян намудани воқеияти алоқаи ҷинсӣ (таҷовуз ба номус ва идентификатсияи шахсият аз боқимондаҳои устухон (скелет).

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти шӯъба ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои боз ҳам пурзӯр намудани заминаи моддию техникии лабораторияҳои молекулярии генетикии соҳаи тиббию судӣ ва баланд бардоштани иқтидории он, ҷиҳати ворид намудани имкониятҳои дигари тадқиқоти муосир кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 2,083
  • 623
  • 1,070,409