Ба Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил таҷҳизоти нави ташхисӣ тақдим гардид

Ба Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил таҷҳизоти нави ташхисӣ тақдим гардид
Октябр 24
18:08 2022

Имрӯз, 24 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии тақдими таҷҳизоти навтарин дар самти ташхиси бемории сил иборат аз даҳ адад дастгоҳҳои рентгении  ин беморӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел, роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо шарикон оид ба рушд дар самти ташхис ва пешгирии бемории сил ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давоми солҳои охир сатҳи гирифтории шаҳрвандон ба бемории сил дар кишвар бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Таҷҳизоти мазкур имкон медиҳад, ки дар шароити куҳсор низ ташхиси бемории сил дар муддати кутоҳ ва дурусту дақиқ  ба роҳ монда шавад.

Маврид ба зикр аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил тамоми кӯшиш ва талошҳои хешро равона сохта, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Марҳила ба марҳила коҳиш ёфтани шумораи гирифторони ин беморӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ташхис ва табобати беморон, қабули барнома ва ҳуҷҷатҳои соҳавӣ аз тадбирҳои муҳими дар ин самт андешида ба шумор мераванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411