Баҳодиҳии фаврӣ ба вазъи дастрасии муҳоҷирон ба хизматрасониҳо дар самти бемории сил, ВНМО баррасӣ гардид

Май 31
10:25 2017

30 майи соли равон  дар пойтахти кишвар ш. Душанбе  вохурӣ доир ба натиҷаҳои тадқиқоти  “Баҳодиҳии фаврӣ ба вазъи дастрасии  муҳоҷирон ва аъзоёни оилаи онҳо ба хизматрасониҳо дар самти бемории сил, ВНМО ва ШМС дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Чарабинии мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти байналмилалии  USAID гузаронида шуд.

Дар вохурӣ ҳамзамон  намояндагони “Марказҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Муассисаи давлатии “Ташаккули тарзи ҳаёти солим”, хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутахассисони соҳаи силшиносӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Гуфта мешавад  мақсад аз таҳияи барнома пешгири намудани гирифторшавӣ ба  бемории сил ва кам кардани шумораи маризони ин намуди беморӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Дар рафти чорабинӣ қайд карда шуд, ки тибқи модаи 13 Қонуни ҶТ ҳар як бемори силдошта ҳуқуқ дорад, ки новобаста аз ҷои истиқоматаш духтур ва муассисаи  тиббиро худаш интихоб намояд.  Пешбинӣ ва муҳайё гардидани чунин шароит ба он равона гардидааст, ки аз рӯи таҳқиқотҳо дар се моҳи аввали соли 2017, 348 нафар гирифторони бемории ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 60 нафарашон  беморони  ҳамрадифи ВНМО/силдошта  мебошанд. Аз  ин шумор 53 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ гуфта мешавад, ки  48 нафарашон  мард ва 5 каси дигарро зан ташкил медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412