Баҳром Алматов аз шаҳрвандони Ӯзбекистон даъват ба амал овард, ки ба воҳима дода нашаванд

Баҳром Алматов аз шаҳрвандони Ӯзбекистон даъват ба амал овард, ки ба воҳима дода нашаванд
Март 16
07:00 2020

Дар пайи ошкор шудани нахӯстин ҳолати сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон Сардухтури санитарии ин мамлакат Баҳром Алматов аз шаҳрвандони кишвараш даъват ба амал овард, ки ба воҳима дода нашаванд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

Бино ба иттилои Sputnik.tj номбуда ин нуктаро зимни як нишасти матбуотӣ иброз намудааст.

“Ҳувияти ашхосе, ки бо сироятёфта дар алоқа буданд муайян карда шудааст ва рӯйхати мусофироне, ки ҳамроҳи ӯ тариқи хатсайри Фаронса-Ӯзбекистон сафар карда буданд, омода шудааст ва ба зудӣ макони истиқомати ҳар яки онҳо муайян карда мешавад ва онҳо зери назорати пизишкон қарор дода мешаванд”, – гуфтааст Баҳром Алматов.

Ба гуфтаи номбурда, феълан мутахассисон дар ин самт корҳои заруриро анҷом дода истодаанд.

Ҳамзамон, Баҳром Алматов иброз намудааст, ки ин шабонарӯз ба Ӯзбекистон 4,8 ҳазор мусофир тариқи ҳавопаймо, наздики 2 ҳазор кас бо қатора ва 38 ҳазор мусофир тариқи дигар нуқтаҳои сарҳадӣ ворид шуда, аксари мусофирон аз кишварҳои Аврупо, Россия ва Қазоқистон бозгаштаанд.

Бино ба гузориши сардухтур, феълан 7,7 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон дар карантини хонагӣ қарор доранд.

Баҳром Алматов гуфтааст, сарфи назар аз он, ки шумораи гирифторони коронавирус дар тамоми ҷаҳон дар афзоиш аст, 80% – и беморон онро бо сабукӣ паси сар мекунанд ва аксари сироятшудагон умуман ягон нишонаҳои бемориро эҳсос намекунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412