Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ шуд

Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ шуд
Март 15
14:11 2022

Имрӯз,  15 марти соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе вобаста ба муаррифии Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини  якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мэрлин Йозефсон, Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протман, роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон  Осама Маккавӣ, роҳбари Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ хонум Наташа Болман ва мутахассисони барномавии ташкилотҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни ифтитоҳи ҷаласа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Гуфта шуд, ки Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 соли  2021 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, тавассути агентиҳои Созмони Милали Муттаҳил,  ба монанди Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), инчунин, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Ҷамъяити Олмон оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон дар ҷаласа меҳмонон низ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ибрози андеша намуданд.

Дар идома аз ҷониби як қатор мутахассисон доир ба Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маърӯзаҳо пешниҳод карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412