Баррасии Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ барои солҳои 2020-2021”

Баррасии Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ барои солҳои 2020-2021”
Феврал 21
13:06 2020

Имрӯз, 21феврали соли равон дар Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ “Оид ба такмили механизмҳои танзимкунандаи расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ва ҳифзи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила” оид ба ҳамоҳангӣ ва татбиқи Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ барои солҳои 2020-2021”, ки аз ҷониби  филиали ГОПА мбХ (PDV( дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағгузорӣ мегардад, баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов, директори филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Елена Максименко, директори Маркази миллии солимии репродуктивӣ Мунира Ғанизода ва роҳбарони як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ  иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки ҳуҷҷати мазкур аз расонидани ёрӣ ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи ҷабр дидан аз зӯроварии оилавӣ дар ҳолати зиндагӣ қарор доранд, иборат мебошад.

Мақсади категорияи хизматҳои иҷтимоии “Хизматрасонии иҷтимоӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила” мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ” аз 5 январи соли 2008, №359 ва талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2012, №724 “Дар бораи Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод  намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ” таҳия гардидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411