Баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба бемориҳои саратон

Баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба бемориҳои саратон
Феврал 22
15:15 2024

Ҷиҳати таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба бемориҳои саратон дар кишвар дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини  якуми вазир, роҳбарони як қатор муассисаҳои тиббию табобатӣ, мутахассисони соҳа ва ҳамзамон ба тариқи онлайн роҳбарони муассисаҳои соҳавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Қайд карда шуд, ки дар ин самт дар давоми соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Ворид намудани усулҳои нави табобати бемориҳои саратон яке аз самтҳои афзалиятнок дар соҳа ба шумор рафта, бо мақсади ворид намудани технологияҳои муосир дар ташхиси патоморфологй ва иммуногистохимиёвй бо ширкати DB Biotech (Словакия) моҳи апрели соли 2023 ташхисгоҳи иммуношгистохимиевӣ дар маркази номбурда ба кор шурӯъ намуд, ки дар натиҷа ба беморони гирифтори саратони ғадуди шири бо истифодаи 4 “антитела” ба даҳҳо бемор ташхиси ИГХ гузаронида шуд.

Ҳамзамон дар ин давра  маркази номбурда дар самти ташхис ба як қатор навгониҳо, аз ҷумла ворид намудани онкомаркари НЕ-4 дар бемориҳои онкогинекологӣ, ворид намудани усули рангуборкардани ташхисҳои стологӣ бо усули Нохта (Эозин, Азур 2, буфери фосфатӣ), биопсия омосҳои миёнадевор таҳти назорати компютери томографӣ, ворид намудани барномаи иловагии томографияи компютерӣ барои пайваст намудани буриши аксҳо дар системаи верификатсионӣ бо нақшгирии 3D дар омосҳои бадсифати бофтаҳои мулоим, инчунин дар самти табобат низ ба як қатор навгониҳо ноил гардид.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар шӯъбаи уропроктологияи маркази мазкур дастгоҳи нави систоскопия эндовидеой дастрас ва ҷарроҳиҳои беморони гирифтори саратони масона ва уретра бо намуди трансуретралй (ТУР) ба роҳ монда шуд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати бартараф намудуни камбудиҳои мавҷуда аз ҷониби Ғафур Муҳсинзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412