Бартарафасозии мушкилот дар соҳаи тиб вазифаи аввалиндараҷа ҳисобида шуд.

Апрел 10
10:28 2017

Санаи 07 апрели соли ҷорӣ мушовараи ҷамъбастии семоҳаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он доир гардид . Дар кори чорабинӣ бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода М, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон Саидов Б.Ш, Сафаров.Ш.А-сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон, менеҷерони сохтори госпиталӣ, Директорони Марказҳои вилоятӣ, Директорони Марказҳои солимирепродуктивӣ, сардухтурони Марказҳои назорати давлатии санитарии эпидимологии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар баромади худ мудири шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Саидов И.Р зикр дошт, ки; “гарчанде,  дастовардхои соха назарас ҳам бошанд,  вале  имруз дар доираи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, оид ба рӯшд ва фазои иттилоотии аҳолӣбеҳтар намудани  сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, ба эътидол нигоҳ доштани вазъи санитарию эпидемиологии вилоят,мушкилотҳои дигари соха назорати антенаталии занони ҳомила, курси такмили ихтисоси табибон, пешгирии вируси нораси масунияти одам (ВМНО), фавти модарон ва кӯдакон, издивоҷи хешу таборӣ ва солимгардонии маъюбон бояд таҳти назорати роҳбарияти ҳар як муассисаи вилоятӣ , шаҳрӣ ва нохияивӣ қарор дошта бошад”.Дар навбати худ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода М, қайд намуд, ки; “имрӯз қарорҳои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши протоколҳои клиникӣ ва муоинаи ҳатмии тиббии шаҳрвандон, қарори №600 ва пешгирии бемориҳои сироятии идорашаванда  сурча ва гулафшон ки аз моҳи июл дар ҷумхурӣ авҷ гирифтааст бояд корҳои арғиботиву ташвиқотӣ  байни ахолӣ аз ҷониби марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳру ноҳияҳо  пурзур карда шавад”.Дар баромади мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон Саидов Б.Ш, гуфта шуд, ки; “дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум  тадбиқи  «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» мавриди барраси қарор гирифта, масоили то ҳол Марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳои саломати дар вагон, мактаб ва хонахои шахси қарор дошта ба маъраз гузошта шуданд. Инчунин назорати пасти воридоти доруворӣ дар дорухонаҳо ба чашм мерасанд. Бо ҳамин мақсад Барномаҳои соҳавие, ки аз чониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардидааст баррасаии онҳо  дар назди муовини соҳавии вилоят бо иштироки роҳбарони Марказҳои вилоятӣ хар моҳ дар макомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир мегардад”.Дар охири ҷаласа сардори Раёсати тандурустии макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон Маллазода С.Ҳ  баромад намуда оид ба  камбудиҳои ҷойдоштаи ин ниҳод  ба масъулини соҳа супоришҳо ва дастурҳои мушахас дод, вобаста ба назорат ва иҷрои он қарори мушовараи қабул гардида барои иҷро ба шаҳру нохияҳо пешниҳод намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411