Бемории пародонт ва нишонаҳои он

Бемории пародонт ва нишонаҳои он
Октябр 16
17:20 2020

Бемориҳои пародонт яке аз мушкилоти печидаи бахши дандонпизишкӣ ба шумор мераванд. Ин бемориҳо хусусияти интишор ё паҳншавии оммавӣ доранд ва табобаташон бисёр душвор аст.

Тибқи маълумоти  ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ, наздики 95 дарсади аҳолии бузургсоли ҷаҳон ва 80 дарсади кӯдакон нишонаи ин ё он бемории бофтҳои пародонтиро доро мебошанд.

Кандани дандон низ бар асари  бемориҳои пародонт панҷ баробар болотар аз кариес  аст. Ин мушкил дандонпизишконро водор карда, ки  ҳамавора дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави табобат бошанд.

Миёни бемориҳои пародор  90-95 дарсадро бемориҳои илтиҳобӣ, монанди гингвит (варами милк) ва пародонтит ташкил медиҳанд. Милки солим устухонро пӯшонида, дар қисмати гарданаи дандон бо сатҳи дандон пайваст мегардад. Миёни милк ва дандон як ҷӯяк ё шияри дорои жарфии 1-2 мм вуҷуд дорад. Ин ҷӯяк ё шияри милкӣ як садди табиии муҳофизатӣ дар муқобили сироятҳо ба шумор меравад. Илтиҳоби милкҳо одатан аз гингвит (варами милк) оғоз меёбад. Гингвит танҳо бофтҳои сатҳии милкро вайрон мекунад ва табобаташ осонтар мебошад. Пародонтит бошад, бемории илтиҳобиест, ки тамоми маҷмӯаи бофтҳои гирду атрофи дандонро (милк, пайҳо ва устухон) мубтало мекунад. Дар асл гингвит ва пародонтит ду шакли бемории бо ҳам алоқаманд мебошанд: раванди илтиҳобӣ дар оғоз дар бофтҳои милк ба вуқӯъ мепайвандад ва оҳиста – оҳиста таркибҳои наздиктари пародонт, монанди пайи милки дандонӣ ва устухони дандон ба он ҳамроҳ мегарданд. Нишонаҳои аввалини беморӣ – хунравии милкҳо, бӯи бад аз даҳон ва пайдо шудани гарди рӯи дандон (зубной налёт) мебошанд.

Пародонтит метавонад солҳои дароз бе дард ва бе хуруҷи ягон аломат ҷараён ёбад ва бисёр вақт мариз ба табиб аллакай дар марҳилаи вазнини беморӣ  муроҷиат мекунад. Дар ҳақиқат одамони зиёде хунравии гоҳ – гоҳи милкҳо ҳангоми дандоншӯӣ ё бараҳнашавии гарданаи дандонро ҷиддӣ намегиранд ва бӯи бади даҳонро низ бисёриҳо эҳсос намекунанд. Ин хунукназарӣ дар натиҷа боиси аз даст додани пурраи дандонҳо мешавад. Имрӯз бемориҳои пародонт на танҳо мушкилоти тиббӣ, балки ба як мушкилоти иҷтимоӣ табдил ёфтаанд. Барои мисол, мутахассисон ин ё он нишонаи бемориҳои пародонтро (хунравии милкҳо, санги дандон ва ғ) дар зиёда аз 90  дарсади навҷавонон мушоҳида кардаанд ва дар синну соли бузургтар, яъне 30-40 солагӣ бошад,  бемориҳои илтиҳобии пародонт вазъи бадтаре доранд.

Сабаби аслии илтиҳоби милкҳоро мутахассисон дар пайдо шудани лоя ё гард рӯи дандонҳо медонанд. Баъди ҳар истеъмоли хӯрок дар дандонҳо ва миёни онҳо теъдоди андаки хӯрок боқӣ мемонад. Ин боқимондаҳо лояи мулоими дандонро ба вуҷуд меоранд. Ин лояро бо чашм дидан бисёр душвор аст ва дар дохили он дарҳол микроорганизмҳои зинда пайдо мешаванд. Агар ин лояро мунтазам аз сатҳи дандон дур накунед, он ба санги дандон мубаддал мешавад. Санги дандон беҳтарин макони зист барои боктериҳо ба шумор меравад. Ҷамъ гардидани лояи боктериёӣ дар қисмати ҷӯяк ё шияри милкӣ боиси гингвит мешавад. Ин беморӣ агар табобат нашавад, ҷӯяки милкиро вайрон карда, дар он кисаҳои пародонтӣ ба вуҷуд меоянд ва гингвит ба пародонтит мубаддал мегардад. Пародонтит бошад, дар навбати худ ба бофти устухонии дандон зарба мезанад.

Дандонпизишк

Мамед Нурматов

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412