Беш аз 180 давлат ба ташаббуси тақсими ваксинаи зидди коронавирус пайвастанд

Беш аз 180 давлат ба ташаббуси тақсими ваксинаи зидди коронавирус пайвастанд
Октябр 13
17:22 2020

То ҳол бештар аз 180 кишвар ба механизми байналмилалии COVAX пайвастаанд. Дар ин бора 12 октябр корманди калони илмии СУТ Сумя Сваминатан ҳангоми брифинг изҳори назар кард, -хабар медиҳад ТАСС.

Мақсади механизм — таъмини одилонаи ҳамаи кишварҳо бо ваксинаҳои зидди  коронавирус пас аз пайдо шудани онҳо мебошад.

“Механизми COVAX ривоҷ меёбад. Ба он зиёда аз 180 кишвар, аз ҷумла Чин ҳамроҳ шудааст. Дар ин кишварҳо маҷмӯан 99% аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд”, — гуфт Сваминатан.

COVAX бунёди иншооти истеҳсолиро дастгирӣ мекунад ва ба харид машғул аст. Тибқи шартҳои барнома, кишварҳое, ки сатҳи баланди даромад доранд, маблағи хариди ваксинаҳоро пардохт мекунанд. Онҳо ба ин восита ба ин соҳа маблағгузорӣ ва ба давлатҳои маблағгузоришаванда кумак менамоянд.

Тибқи нақшаҳо, дар доираи механизм то охири соли 2021 бояд 2 миллиард доза ваксина истеҳсол ва баробар тақсим карда шавад.

                                                АКС аз манбаъҳои озод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 2,085
  • 623
  • 1,070,411