Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва таъмирии муассисаҳои тандурустии ноҳияи Темурмалик

Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва таъмирии муассисаҳои тандурустии ноҳияи Темурмалик
Январ 21
15:31 2022

Имрӯз, 21 январи соли равон дар доираи сафари кории хеш ба вилояти Хатлон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти корҳои сохтмонии Маркази перианталӣ ва шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пас аз таъмир баровардан дидан намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонии Маркази перианталии ноҳияи мазкур бо маблағгузории Бонки олмонии рушд ҷараён дошта, дар назар аст, ки он моҳи августи соли 2022 мавриди истифода қарор дода шавад.

Инчунин, шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик низ пас аз таъмир бо навтарин таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида,  рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Аснои шиносоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани Маркази перианталии ноҳияи мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маврид ба зикр аст, ки давоми солҳои охир дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар ноҳияи Темурмалик низ соҳаи тандурустӣ рушду пешрафт намуда, дар ноҳия даҳҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавии тиббию табобатӣ сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ноҳияи мазкур ба маротиб беҳтар гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412