Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон

Декабр 09
16:26 2022

9 декабри соли равон бо мақсади шиносоии бевосита пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, аз ҷумла захира кардани маводи сӯзишворӣ, доруворӣ ва ғизоӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии ин вилоят шинос шуд.

Махсусан, зимни боздиди хеш  Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо гармӣ, захира кардани сӯзишворӣ, маводи доруворӣ ва хӯрока, назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Дар ҷараёни боздиди хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулини беморхонаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411