Боздиди намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ аз ноҳияи Данғара

Боздиди намояндагони Бонки  умумиҷаҳонӣ аз ноҳияи Данғара
Сентябр 25
13:56 2018

Зимни сафари кории худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ аз ноҳияи Данғара боздид ба амал оварданд. Маврид ба зикр аст, ки  ноҳияи Данғара яке аз ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”  буда, айни ҳол дар ҳудуди он чанд маркази саломатии навбунёд ҷиҳати  хизматрасонии тиббӣ  ба аҳолии деҳот омода аст.  Меҳмонон дар якҷоягӣ бо аъзоёни комиссияи корӣ  сохтмони марказҳои саломатии “Шамолдара” ва “Навобод”-ро қабул карданд. Маврид ба ёдоварист, ки ин марказҳои саломатӣ дар доираи лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки бо дастгири молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизоти кориву тиббии муосир  муҷаҳҳаз гардонида шудааст, имрӯз мавриди истифода қарор мегирад. Ин муассисаҳои навбунёди замонавӣ имкон медиҳанд, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар деҳаҳои мазкур ҷавобгӯй ба талаботи давр роҳандозӣ гардида,  аҳолӣ аз хизмати босифати тиббӣ бархурдор шаванд.

Дар рафти боздиди намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ  аз  ин муассисаҳо фаъолияти Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” мавриди санҷишу муҳокима карор гирифт. Намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ба фаъолияти Лоиҳа баҳои баланд дода, барои фаъолияти минбаъдаи он ва расонидани хизмати босифати тиббӣ ба аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412