Боздиди Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода

Боздиди Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода
Май 17
11:21 2020

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ субҳи имрӯз, 17 майи соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни сафари кории хеш Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода  аз Беморхонаи марказӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода дидан намуда, ҳамзамон, бо сартабибони шаҳр вохурӣ анҷом дод.

Зимни вохурӣ масъалаҳои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, таъмини беморхонаҳо ва беморон бо маводҳои тиббӣ, андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии сирояти COVID-19 ва дар ин замина пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода барои бартараф намудани камбудӣ ва мушкилотҳои мавҷудаи соҳа  ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412