Брифинг дар фурудгоҳ оид ба коронавирус (АКС)

Брифинг дар фурудгоҳ оид ба коронавирус  (АКС)
Январ 30
13:20 2020

Имрӯз, 30 январи соли равон бо ташаббуси Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе оид ба дарёфт ва пешгирии бемории сироятии коронавирус брифинг баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода иштирок намуд.

Дар брифинг доираи васеи намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок намуда, онҳо аз рафти омодагиҳои Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷиҳати дарёфти бемории сироятии коронавирус аз шаҳрвандони  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда шинос гардиданд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба хабарнигорон иброз намуд, ки бо дарназардошти вазъи бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати ошкор ва пешгирии бемории мазкур дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

-Айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Душанбе ва Хуҷанд, ки равуои шаҳрвандон асосан тариқи  хатисайрҳои ин ду шаҳр сурат мегирад, таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди  теплавизор  ва термасканерҳо насб карда шудаанд, ки ҳар як шаҳрванде, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид мегардад,  тавассути онҳо гузаронида мешавад. Ҳамзамон, мо ҳамарӯза  бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба вазъи бемории мазкур дар Ҷумҳурии мардумии Чин табодули маълумотӣ дорем-афзуд ӯ.

Бояд қайд намуд, ки ҳангоми дарёфти чунин беморон онҳо фавран дар ҳуҷраҳои махсусе, ки дар фурудгоҳҳо мавҷуданд, ҷойгир карда шуда, тавассути нақлиёти махсус ба шӯъбаҳои бемориҳои сироятӣ  интиқол ёфта, таҳти назорати табибон қарор дода мешаванд. Имрӯз тамоми сохторҳо вазифадор гардидаанд, ки тибқи Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон таҷҳизоти худро омода намоянд  ва тамоми мусофироне, ки  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз муоина  гузаронида, дар мавриди зарурӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба масъалаи мазкур аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва сохторҳои дахлдори он тадбирҳои иловагӣ баҳри роҳ надодан ё ин ки сари вақт пешгирӣ кардани ин беморӣ андешида шуда истодаанд.

Дар идома муовини вазири тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба саволи рӯзноманигорон вобаста ба овозаҳо дар мавриди сирояти шаҳрвандони кишвар ба бемории мазкур гуфт: “хабарҳое, ки чанд рӯзи охир вобаста ба сирояти шаҳрвандони кишвар ба бемории  коронавирус дар шабакаҳои интернетӣ нашр гардиданд,  ҳақиқати воқеӣ надоранд ва хушбахтона, то кунун ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Пас аз шиносоӣ бо корҳои омодагии Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар робита ба ошкорсозии бемории коронавирус, рӯзноманигорон ба  озмоишгоҳи вирусологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои омодабошии он шинос шуданд.

Тазаккур бояд дод, ки дар маҷмӯъ айни замон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирии бемории сирояти коронавирус тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412