Чораҳои ҷавобии андешидашуда нисбати хурӯҷи бемории сурхча

Чораҳои ҷавобии андешидашуда нисбати хурӯҷи бемории сурхча
Июл 02
14:50 2024

26 то 27 июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши чораҳои андешидашуда вобаста ба бемории сурхча ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Амирзода Абдухолиқ Амир, командони техникии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Трейси Гарднер ва Шоҳин Ҳусейнов иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Амирзода Абдухолиқ Амир ташрифи мутахассисони техникии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хушомадед гуфта, аз номи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳангоми мубориза бар зидди хуруҷи бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда аз қабили фалаҷи атфол, сурхча ва гулафшон дастгирии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ назаррас мебошад.

Қайд гардид, ки ҳадафи ҷаласаи имрӯза омӯхтани таҷрибаи Тоҷикистон ва ҳуҷҷатгузории пешрафт дар вокуниш ба авҷи бемории сурхча аст.

Дар ҳамин замина барои баррасии чораҳои андешидашуда оид ба рафъи хуруҷи бемории сурхча дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони варзидаи хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ, Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика, таҳлилгоҳҳои лабораторӣ оид ба ташхиси сурхча, инчунин мутахассисони марказҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим маълумот доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412