Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои шафқат

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои шафқат
Май 12
17:46 2022

Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои шафқат, ки ҳамасола 12  май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” чорабинии идона доир гардид, ки дар он сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Бандаев, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ” Малоҳат Бойназарова, роҳбари Ассотсиатсияи ҳамшираҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёлбӣ  Ҳасанова ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

 Сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Бандаев аз номи роҳбарияти вазорат ҳамшираҳои шафқатро бахшида ба ин сана табрику шодбош намуда, саҳми онҳоро дар таъмини солимии аҳолӣ махсус зикр намуд. Баъдан як қатор меҳмонон низ бо сухани табрикотӣ баромад намуда, кормандони соҳаро бахшида ба ин ҷашн шодбош намуданд.

 Бояд гуфт, ки ҳамшираҳои шафқат шахсонеанд, ки маълумоти миёнаи  тиббӣ дошта,  тавсияҳои духтуронро ҳангоми нигоҳубини бемор иҷро мекунанд. Онҳо дар тамоми муддати табобат бо беморон ҳамроҳ буда, ба онҳо хизмат мерасонанд ва марҳами дарди онҳо мегарданд. Дар айни замон дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ бештари кормандонро ҳамшираҳои шафқат ташкил медиҳанд.

 Баъдан, миёни иштирокчиён аз рӯи чор самти фаъолияти кори ҳамширагӣ озмун доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

 Дар анҷоми чорабинии идона ҳунарманди хушсалиқа Ситораи Кароматулло бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилошуб табъи ҳозиринро болида намуда, ба маҳфил ҳусни дигар бахшид.

 Ҳамзамон ба як қатор фаъолони соҳа Сипоснома  ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

 Маврид ба зикр аст, ки бори аввал мафҳуми “фаъолияти ҳамшира”–ро Флоренс Найтингейли номдор, ҳамшираи тибби англис, ки чун ташкилдиҳанда, муассис ва  бунёдгузори ин пеша маъруф аст,  дар соли 1859 асос гузоштааст. Номбурда дар китоби худ “Навиштаҳо оид ба тарзи нигоҳубин” ҳадаф ва нозукиҳои ин касбро муайян ва раҳнамоӣ намудааст.

Ҳамин тавр, ҳамасола 12 май, яъне рӯзи зодрӯзи Флоренс Найтингейл Рӯзи  ҳамшираҳои шафқат дар ҷаҳон эълон шуда, аз соли 1971 инҷониб таҷлил мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412