CУТ тадбирҳои қатъии бархе давлатҳоро бар зидди коронавирус дастгирӣ кард

CУТ тадбирҳои қатъии бархе давлатҳоро бар зидди коронавирус дастгирӣ кард
Феврал 28
15:13 2020

Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебрейесус иқдомоти Россия ва як зумра давлатҳои дигарро дар мубориза бар зидди коронавирус зикр кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ӯ зимни нишасти хабарии ҳаррӯзаи СУТ ибрози назар намуд.

«Якчанд давлатҳое ҳастанд, ки давоми ду ҳафтаи охир дар бораи ягон ҳолати нав хабар надоданд: Белгия, Камбоҷа, Ҳиндустон, Непал, Филиппин, Россия, Шри-Ланка ва Ветнам. Ҳамаи ин давлатҳо гуногунанд. Аммо мисоли онҳо собит менамояд, ки тадбирҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин беморӣ кумак мекунанд», — гуфт Гебрейесус.

Ӯ пайдоиши беморон дар кишварро чолише номид, ки ба он бояд фавран вокуниш намуд ва таъкид кард, ки ҳеҷ гуна кафолате ба пайдоиши ҳолатҳои нави сирояти коронавирус вуҷуд надорад. Ӯ Шветсия ва Финляндияро ба сифати мисол овард, ки дар онҳо то чанде пеш шумораи беморон тағйир наёфт, аммо ба наздикӣ дар бораи ҳолатҳои нав эълон карда шуд.

Роҳбари СУТ тазаккур дод, ки дар мубориза бар зидди коронавирус муносибати фарогир лозим аст. Ӯ инчунин фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти Чинро, ки барои пешгирии паҳншавии сироят кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд, зикр намуд.

Илова бар ин, Гебрейесус таъкид кард, ки сарфи назар аз паҳншавии ҷаҳонии ин вирус, пандемия эълон кардан барвақт аст. Дар баробари ин, ӯ гуфт, ки хуруҷи COVID-19 дар Италия барои созмон ғайричашмдошт буд.

АКС: © «РИА Новости» / Максим Блинов

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 13
  • 41
  • 1,085,841