Дар Бӯстон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории сироятии нави коронавирус доир шуд

Дар Бӯстон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории сироятии нави коронавирус доир шуд
Июн 08
09:08 2020

8-уми июн дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа масъалаи таъмини иҷрои бонизоми Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 июни соли 2020, №1544 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода нахуст Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба самъи аъзоёни ситод расонид. Гуфта шуд, ки баҳри таъмини иҷрои фармони мазкур бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

Сипас, ба масъулини раёсати молия, нозироти андоз, шуъбаи рушди иқтисод ва савдо, бахшҳои омор, меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва дигарон баҳри иҷрои саривақтӣ ва бонизоми корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Баъдан ба масъулини шаҳр дастур дода шуд, ки вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор карда шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412