Дар Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом сехи истеҳсоли оксигени тиббӣ ба истифода дода шуд

Дар Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом сехи истеҳсоли оксигени тиббӣ ба  истифода дода шуд
Феврал 14
15:10 2022

Чанде қабл дар Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом  дар  вазъияти тантанавӣ сехи истеҳсоли оксигени тиббӣ ба  истифода дода шуд, ки дар маросими он директори ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаноби Питер Райли, намояндаи ЮСАИД дар сафоратхонаи ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассис оид ба идораи лоиҳаҳои вобаста ба соҳаи тандурустӣ Саидмумин Холов,  муовини Раиси шаҳри Конибодом  Қодирӣ Н.,  муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд  Ҳоҷибоев М.Ю., инчунин  намояндаҳои истеҳсолкунандаи дастгоҳҳо  ва насбкунандагон  иштирок намуданд.

Ҷамъомади  тантанавиро сартабиби  беморхонаи мазкур Самиев Ҳ.К. ифтитоҳ намуда, суханро ба директори ЮСАИД  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаноби Питер Райли дод.

Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки сехи мазкур барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ,  хусусан барои табобати гирифторони сирояти  COVID-19  равона карда шудааст.

Муовини сардори сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳоҷибоев М.Ю. дар баромади худ қайд кард, ки  чунин сехҳои мазкур дар шаҳрҳои Конибодом ва Панҷакент сохта ба истифода дода шуданд, ки аз заҳмати самарабахши шабонарӯзии кормандони тандурустии шаҳри Конибодом  дарак медиҳад.

Сипас, меҳмонон бо шӯъбаи наҷот ва беҳискунӣ ташриф намуда, бо дастгоҳҳое, ки то назди бемор хати оксиген оварда шудааст, шинос шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411