ДАР БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ДАСТГОҲИ ТОМОГРАФИЯИ КОМПЮТЕРӢ ДАСТРАС ГАРДИД.

ДАР БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ДАСТГОҲИ ТОМОГРАФИЯИ КОМПЮТЕРӢ ДАСТРАС ГАРДИД.
Март 04
12:26 2022
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент даҳҳо иншооти соҳаи тандурустӣ таъмиру навсозӣ гардидаанд, ки Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент аз ҷумлаи ин иншоотҳои дорои имкониятҳои мусоиди хизматрасонӣ ба сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент ба ҳисоб рафта, соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Дар Беморхонаи марказии шаҳр дастгоҳи томографияи компютерӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки бо имконияти фаъолияти шабонарӯзӣ барои ташхиси бемориҳои майнаи сар, сутунмӯҳра, ҷарроҳии умумӣ, урологӣ, захму осеб ва ҳамчунин бемориҳои шуш ба сокинон хизмат мерасонад.
Томографияи компютерӣ, ки бо номи “сканер” маъруф аст, имкон медиҳад, ки узвҳои бемор омӯхта шуда, нуқсонҳоро дар узвҳо нисбат ба дигар муоинаҳо дақиқтар муайян кунад.
Мавриди қайд аст, ки таҷҳизоти мазкур бо фарогирии хизматрасонии васеъ ба сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ низ хизмат расонад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,043
  • 2,085
  • 1,071,454