Дар Душанбе беморхонаҳои муваққатӣ бо беш аз се ҳазор кати хоб таъсис дода мешаванд

Дар Душанбе беморхонаҳои муваққатӣ бо беш аз се ҳазор кати хоб таъсис дода мешаванд
Май 02
14:13 2020

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 30 беморхона бо 5284 (панҷ ҳазору дусаду ҳаштоду чор) кати хоб ва беш аз 5390 (панҷ ҳазору сесаду навад) нафар табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба эҳтиёҷмандон хизмат мерасонанд.

Тавре дафтари матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, бо назардошти вазъияти баамаломада Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрдориро вазифадор намуданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба таври иловагӣ беморхонаҳои муваққатии табобатиро бо беш аз 3000 (се  ҳазор) кати хоб ҷиҳати муолиҷаи беморони гирифтори вируси сироятии короновирус-COVID-19 бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат барои истифода омода намоянд.

Назорати иҷрои дастури мазкурро Раиси шаҳр шахсан ба зиммаи худ гирифта, аз рафти корҳо дидан мекунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411