Дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд сохтмони бинои иловагӣ оғоз ёфт

Дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд сохтмони бинои иловагӣ оғоз ёфт
Август 17
15:14 2022

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба сохтмони бинои иловагӣ оғоз бахшида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ зикр намуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи тиб ва фароҳамсозии шароити замонавии корӣ барои табибон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Зикр шуд, ки чанд рӯз қабл бинои Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами як дар Хуҷанд пас аз таъмири куллӣ бо иштироки Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифта, барои фаъолияти духтурон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба анҷом расонида шаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411