ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: боздиди Насим Олимзода аз китобхонаи вазорат (АКС)

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: боздиди Насим Олимзода аз китобхонаи вазорат  (АКС)
Декабр 27
12:37 2019

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  махсус зикр намуданд, ки бояд китобхонаҳо ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.

Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 27 декабр вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода аз Муассисаи давлатии “Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тиббӣ”-и вазорат  дидан намуд.

Зимни боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода ба фаъолияти китобхонаи мазкур шинос шуда, барои ба китобҳои бадеӣ таъмин намудани он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Қайд гардид, ки дар баробари китобҳои соҳавӣ, ҳамчунин дар китобхонаи мазкур бояд асарҳои бадеӣ аз осори адибони барҷастаи дохиливу хориҷӣ низ гирдорварӣ шуда, барои истифодаи васеи кормандони соҳаи тандурустӣ таъмин карда шаванд.

Ҳамзамон, аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насим Олимзода ба тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дода шуд, ки дар муассисаҳои хеш як ҳуҷрагӣ барои ташкил намудани китобхона ва бо китобҳои бадеӣ таъмин намудани он ҷудо намоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411