Дар Тоҷикистон даври дуввуми эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ оғоз гардид

Дар Тоҷикистон даври дуввуми эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ оғоз гардид
Июн 29
08:31 2021

Шурӯъ аз имрӯз, 29 июн то 5 июли соли 2021 тамоми кӯдакони то шашсола дар доираи даври навбатии Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ (полиомиелит) дар Тоҷикистон бояд вояи дуюми ваксинаи зидди фалаҷро қабул мекунанд.

Танҳо иммунизатсияи пурра бо тамоми вояҳои тавсиядодашудаи ваксина метавонад кӯдаконро аз фалаҷ ва оризаҳои хатарноки он, аз қабили фалаҷи шадид эмин дорад.

Волидон ва парасторони кӯдакони пас аз 1 январи соли 2016 таваллудшуда даъватномаро аз тарафи табиби оилавӣ ё мутахассисони соҳаи тандурустии муассисаи тиббии наздиктаринашон мегиранд. Барои сокинони ноҳияҳои дурдаст (60 км дуртар аз муассисаи тиббии наздиктарин) бригадаҳои иммунизатсионии сайёр низ хизматрасонии иммунизатсиониро мерасонанд.

Барои нафароне, ки берун аз ҷои истиқомати маъмулиашон воқеъанд, ваксина метавонад дар маҳалли буду боши кунунӣ дастрас бошад. Мо волидон ва парасторонро даъват менамоем, ки қабул намудани иммунизатсияи кӯдаконашонро дар ҳар як давр пайгирӣ намоянд, хусусан агар онҳо ваксинаи якумро нагирифта бошанд.

Бинобар кӯшишу талошҳои муштараки Ҳукумати мамлакат, шарикони рушд ва садоқати бепоёни мутахассисони соҳаи тандурустӣ, дар даври якуми маърака зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор кӯдакон бо ваксинаи зидди бемории фалаҷ фаро гирифта шуданд.

Чорабинии иммунизатсионӣ таҳти роҳбарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва шарикони соҳаи тандурустӣ дар доираи Ташаббуси глобалӣ оид ба маҳви бемории фалаҷ амалӣ мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412