Дар вилояти Хатлон тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ пурзӯр мешаванд

Дар вилояти Хатлон тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ пурзӯр мешаванд
Июн 19
08:30 2020

Бо мақсади пешгирии бемории коронавируси нави  COVID-19 тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ дар вилояти Хатлон пурзӯр карда мешаванд.

Бо ин мақсад чанде қабл дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ баргузор гардид.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилоят, зимни ифтитоҳи ҷаласа гуфт, ки  хушбахтона, дар вилоят теъдоди гирифторони бемории COVID – 19 коҳиш ёфта, айни замон дар табобатгоҳҳои аксари навоҳии вилоят, аз ҷумла ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Шаҳритуз, Хуросон, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муъминобод, Восеъ, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, беморони коронавирус ё илтиҳоби шуш нестанд. Ин ҳолат набояд моро қаноатманд ва хотирҷамъ намояд, зеро вазъи паҳншавии ин беморӣ дар ҷаҳон пешгӯинашаванда аст ва моро мебояд чораҳои зиддиэпидемиявиро беш аз пеш пурзӯртар намоем.

Пас аз ҷаласаи сайёр кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба  пешгирӣ аз паҳншавии бемории сирояти нави коронавирус, истифодаи ҳатмии ниқоби муҳофизатӣ, маводи антисептикӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ миёни сокинону меҳмонони шаҳри Бохтар корҳои оммафаҳмонӣ гузаронданд.

(Акс аз бойгонӣ)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 12
  • 41
  • 1,085,840