Даври дуюми бозомӯзии шашмоҳа дар ноҳияи Дарвоз

Июн 21
16:13 2022

Беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва тақвияти заминаи моддию техникӣ дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумлаи ҳадафҳои осаии фаъолияти  Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар доираи фаъолияти якҷояи Лоиҳа бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” ва зерсохторҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, давраҳои бозомузии шашмоҳа аз руи ихтисоси “Тибби оилавӣ” дар чанд давр роҳандозӣ гардиданд.

Даври дуюми бозомӯзии шашмоҳа дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, 12 нафар кормандони миёнаи тиб аз рӯи ихтисоси “Тибби оилавӣ”  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба хотири дурии роҳ омузгорону тренерони маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ба ноҳияи Дарвоз сафарбар карда шуданд. Ба бозомузон ҳар як модули таълимиро дар давраи муайян бо иштироки мутахассисон меомузонанд ва дарсҳои амалиро дар  худи маркази саломатии ноҳия мегузаронанд. Бозомузон дар давраи таҳсил бо маблағи кирояи манзил ва идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.

Дар даври якуми ин омузиш,дар соли 2021, 11 нафар корманди миёнаи тиб соҳиби ихтисоси “Тибби оилавӣ” гардида буданд.

Ёдовар мешавем, ки аз тарафи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, барои таълимгирандагони даврҳои омӯзиши шашмоҳаи тибби оилавӣ 60 адад борхалтаҳои тиббӣ, барои  роҳандозии омӯзиши фосилавӣ ба ҳамаи 7 марказҳои саломатии деҳот таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ ва дастрас карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411