Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба беморхонаи шаҳри Хоруғ дору кумак намуд

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба беморхонаи шаҳри Хоруғ дору кумак намуд
Май 14
06:32 2020

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар посух ба дархости фаврӣ ба Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ барои табобати беморони гирифтори COVID-19 дору ва дигар лавозимоти мавриди ниёзи аввал кумак кард. Сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ Саидбек Давлатбеков барои кумаки башардӯстона ба масъулони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ибрози сипос намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ иттилоъ доданд.

Қабл аз ин Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ироаи ғизо ва дору ба хонаводаҳои ниёзманд бунёдеро таъсис дод, ки бештар аз 100 корманди Донишгоҳ маоши якрӯзаи худро ба хазинаи ин бунёд гузарониданд. Инчунин бо мақсади коҳиш додани паҳншавии вируси COVID-19 дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ омодасозии 50 кат дар назар аст. Ҳамзамон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои пизишкон ва парасторони беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ таҷҳизоти муҳифозати шахсӣ кумак намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412