Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2022 муаррифӣ гардид

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2022 муаррифӣ гардид
Апрел 26
14:55 2021

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  муаррифӣ гардид. Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода зикр намуд, ки  ҳадафи дурнамои мазкур иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси ҷойҳои кории нав, омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, инчунин беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ мебошад.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дорад, аз ин рӯ бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд, яъне на танҳо ба афзоиши рақами нишондиҳандаҳо, балки ба таркиби сифатии он ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 диққат махсус дода шавад.

Дар ҷаласа  аз ҷониби намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дурнамои нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоии ҷумҳурӣ, аз ҷумла меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2022 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2023-2024 муаррифӣ гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 369
  • 2,085
  • 1,070,780