Фаъолияти хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар давраи пандемияи COVID-19 баррасӣ гардид

Фаъолияти хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар давраи пандемияи COVID-19  баррасӣ гардид
Апрел 09
14:00 2021

Бо ташаббуси Дафтари минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо вобаста ба фаъолияти хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар давраи пандемияи COVID-19 машварати маҷозӣ доир гардид, ки дар он директори Дафтари минтақавии ТУТ дар Аврупо Ҳанс Клюге, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, намояндагони вазоратҳои тандурустии як қатор кишварҳо иштирок намуданд.

Зимни машварати маҷозӣ иштирокчиён доир ба саҳми кормандони кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 ва доир ба самтҳои дигари фаъолияти соҳа мубодилаи афкор намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз саҳми кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарии мамлакат дар самти пешгирии бемории коронавирус ёдовар шуда, иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва тибқи тавсияҳои ТУТ дар тавраи пандемияи COVID-19 хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитариро дар мадди аввал қарор дод.

Гуфта шуд, ки ба роҳ мондани гардишҳои хонагӣ, саривақт дарёфт намудани гумонбарон ва ба ташхису табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нави COVID-19 имкон дод, ки ҳарчи зудтар ин беморӣ дар Тоҷикистон ба маротиб коҳиш ёбад.

Қайд гардид, ки сарфи назар аз ба эътидол омадани вазъи пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон ва бо назардошти вазъи кишварҳои ҳамсоя, тамоми иншоотҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар мамлакат шабонарӯзӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар идомаи машварати маҷозӣ иштирокчиён доир ба боз ҳам баланд бардоштани иқтидори хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва густариш додани ҳамкориҳо дар ин самт ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412