Фаъолияти мутахассисони ғайрисоҳавӣ ва кураторони соҳаи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон баррасӣ гардид

Фаъолияти мутахассисони ғайрисоҳавӣ ва кураторони соҳаи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон баррасӣ гардид
Феврал 15
17:05 2021

Имрӯз, 15 феврали соли равон дар толори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҷаласаи назди муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти мутахассисони ғайрисоҳавӣ оид ба хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва  кураторони соҳаи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ҷалб намуда, иброз дошт, ки бояд ҳар як мутахассиси соҳа бо истифода аз шароит ва имконоти фароҳамгардида баҳри таъмини солимии модарон ва кӯдакон саҳми арзандаи хешро гузорад.

Дар идомаи ҷаласа паҳлуҳои гуногуни фаъолияти мутахассисони ғайрисоҳавӣ ва кураторони соҳаи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳлил ва баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам  беҳтар намудани фаъолият ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас  дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 2,083
  • 623
  • 1,070,409