Хизматрасонии беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб дар сатҳи байналмилалӣ бароҳ монда мешавад

Хизматрасонии беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб дар сатҳи байналмилалӣ  бароҳ монда мешавад
Август 12
13:44 2017

Дар баробари ба маротиб ҷавобгу ба талаботи давр гардонидани  сатҳи фаъолият ва хизматрасонии  идораву муассисаҳои мухталифи кишвар, соҳаи тандурустӣ низ  сол то сол рушду тараккӣ ёфта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ  беҳтару хубтар мегардад.

Бо мақсади дар  сатҳи баланд ва ҷавобгу ба талаботи замони муоссир бароҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба беморон,  беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб мавриди таъмиру азнавсозӣ қарор гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки  солҳои каблӣ, кисмати зоҳириву дохилии  беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба талаботи рӯз чавобгу набуда, ҳамзамон табибон аз норасоии дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ барои ташхису табобати беморон азият мекашиданд.  Аммо баъд аз мавриди таъмиру тармим қарор гирифтани беморхона ба ин маркази саломатӣ бо маблағгузории ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаву таҷҳизоти муосири тиббӣ, ашёву лавозимоти соҳавӣ ворид карда шуд.

Бо таъмин гардидани  беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб  бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавии ултрасадо, сабти барқии дил, дастгоҳ барои тамизгардонӣ,  нафаси сунъӣ, ду адад монитор барои мушоҳидаи кори дил, ренгени сайёр, 40 адад кати рахти хоб ва маводи доруворӣ мушкилоти чойдоштаро дар ин муассиса аз байн рафтааст.

 

Бинои беморхонаи мазкур  аз 187 кат иборат буда, алакай то ба имрӯз дар се ошёнаи он корҳои таъмиру барқарорсозӣ  ба итмом расида омодаи фаъолият мебошад. Зимни боздид роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Раёсати тандурустии вилоят, макомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дигар ниҳодҳои марбутта ба сатҳу  сифати корҳои иҷрогардида дар муассисаи тандурустии мазкур  изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар рафти боздиди гурӯҳи кории  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз таъмиру азнавсозии беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб  гуфта шуд, ки  бо чонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат, минбаъд низ, ҳамин қабил иқдомҳои хайрхоҳона  дар дигар беморхонаҳои мамлакат бароҳ монда мешавад.

Алҳол бошад корҳои таъмиру азнавсозӣ дар шӯъбаи чарроҳии беморхонаи мазкур бо суръати баланд идома дошта, ояндаи наздик мавриди  баҳрабардории умум қарор дода мешавад.

Инчунин дар доираи таъмиру азнавсозии беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб

саҳни он, кисмати зоҳирии бино, 14 шуъбаҳои беморхона низ таъмиру тармими капиталӣ карда шудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин корҳои ободониву созандагӣ дар беморхонаи марказии нохияи Муъминобод низ, бо ташаббус ва дастгириҳои ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳия, соҳибкорону табибон ва шахсони алоҳида анчом дода шуда, симои зохирӣ ва дохилии бинои маркази тиббӣ ба куллӣ тағир ёфтааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412