Хуҷанд: Аёдати собиқадорони соҳаи тандурустӣ бахшида ба Иди саиди Қурбон

Июл 08
15:50 2022

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аёдат намудани собиқадорони соҳаҳои гуногуни мамлакат дар арафаи иду ҷашнҳо бахшида ба Иди саиди  Қурбон  имрӯз, 8 июли соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як қатор собиқадорони соҳаи  тандурустии шаҳри Хуҷандро аёдат намуданд.

Зимни аёдат Ҷамолиддин Абдуллозода ва Фирдавс Шарифзода собиқадорони соҳаи тандурустии шаҳри Хуҷандро бахшида ба Иди саиди Қурбон табрику шодбош намуда, аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва пиронсолону собиқадорони соҳаҳои гуногун, хосатан собиқадорони соҳаи тандурустии мамлакат ёдовар шуданд.

Ҳамзамон ба собиқадорони соҳаи тандурустии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат кумаки моддию пулӣ расонида шуд.

Дар навбати худ собиқадорони соҳаи тандурустии шаҳри Хуҷанд барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, барои рушду пешрафт ва фардои дурахшони Тоҷикистони биҳиштосо даст ба дуо бардоштанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо таъкид намудаанд: «Дар ин рӯзи саид ният ба аъмоли нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, аёдати беморон ва эҳтироми падару модар, наздикону ҳамватанонро риоя кардан, аз Парвардигор талаби дуои оромиву осоиш ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо ба шумор меравад».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 32
  • 41
  • 1,085,860