Хуҷанд: Корҳо дар самти пешгирии бемории COVID-19 пурзӯр мешаванд

Хуҷанд: Корҳо дар самти пешгирии бемории COVID-19  пурзӯр мешаванд
Октябр 21
11:06 2020

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода фаъолияти кори раиси маҳаллаҳои шаҳрро дар самти мубориза алайҳи бемории фарогирии короновирус ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо муҳлатҳои муайян дод.

Ин нукта 20 октябри соли равон зимни ҷаласаи ҷамъбастии хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд дар 9 моҳи соли ҷорӣ садо додааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд, бо назардошти ҳолати мазкур, таъкид карда шуд, ки бояд дар ҳар як маҳалла кори Ситоди мубориза алайҳи бемории короновирус ҷоннок карда шуда, дар самти пешгирӣ ва табобати манбаъҳои сироят сохторҳои дахлдор аз ҷумла, занон, ҷавонон, фаъолон, духтурони оилавӣ, сироятшинос, азҳоби сиёсӣ, милитсия ва ғайраҳо ҷалб карда шаванд.

“Фаъолияти савдои кӯчагӣ, марказҳои дилхушӣ манъ карда шуда, ҷиҳати тибқи талаботи муқарраргардида баргузор намудани тӯю маъракаҳо тадбирҳо пурзур карда шавад”,-меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон, ба сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр дастур дода шудааст, ки баҳри пешгирии ин  беморӣ дар муассисаву ташкилотҳо корҳои назоратиро ҷоннок намояд.

(Акс аз  бойгонӣ)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411