ИҚДОМИ ШОИСТА: Кӯмаки навбатии Ширкати ватании “Авесто Гурӯҳ” ба вазорат

ИҚДОМИ ШОИСТА: Кӯмаки навбатии Ширкати ватании “Авесто Гурӯҳ” ба вазорат
Май 18
08:06 2020

Бо пайравӣ аз ташаббус ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста бо мақсади дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморон, инчунин, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии короновируси нави КОВИД-19 анҷом дода мешаванд, бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ Ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ташаббусҳои башардӯстонаи худро идома медиҳад.

Субҳи имрӯз, 18 майи соли равон аз ҷониби ширкати мазкур ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои доруворӣ, аз қабили антибиотикҳо, доруҳои зидди вирусӣ, витаминҳо ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ  дастрас гардонида шуд.

Дар рафти  тақдими маводҳои мазкур  роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба Ширкати ватании “Авесто Гурӯҳ” изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Бояд қайд намуд, ки маводҳои дорувории дастрасшуда барои фаъолияти имрӯзаи кормандони соҳаи тиб ва пешгирӣ  аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва табобати беморон ниҳоят муҳим ба ҳисоб мераванд.

Доруворӣ ва лавозимоти тиббие, ки  ба вазорат дастрас шуданд, дорои сифати баланд ва сертификатҳои зарурӣ буда, аз истеҳсолкунандагони кишварҳои Фаронса, Слования, Россия, Ҳиндустон, Белорус, Украина ва Хитой дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои фарматсевтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шудаанд.

Шумораи умумии маводҳои доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ зиёда аз 30 номгӯй буда, 350 ҳазор бастаро дарбар гирифта, арзиши он беш аз 3,4 миллион сомонӣ мебошад.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва муолиҷаи гирифторони короновируси нави КОВИД-19 аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакт ба таври доимӣ тадбирҳои заруриву фаврӣ амалӣ  гардида истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастури бевоситаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷумҳурӣ ситодҳои махсус оид ба пешгирии паҳншавии сироятии коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуда, онҳо ба таври доимӣ фаъолият менамоянд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар пойтахти мамлакат низ бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда, беморхонаҳои нав бунёд карда мешаванд ва тамоми сохторҳои масъули шаҳрӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият карда, дар иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматӣ ба таври доимӣ тадбирҳои безараргардонӣ  ҷараён доранд.

Ширкати ватании “Авесто Гурӯҳ” аз рӯзҳои аввали муайян гаштани мавҷудияти сирояти коронавируси нави COVID 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ дар муддати кӯтоҳ лавозимоти тиббӣ ва маводи дорувориро дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон дастрас ва тибқи тартиби муқарраргардида ба таври ройгон ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ  расонид.

Боиси ёдоварист, ки санаи 12 майи соли ҷорӣ ширкати “Авесто Гурӯҳ” ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 53 200 адад лавозимоти зарурии тиббӣ, аз қабили либосҳои махсуси тиббӣ, айнакҳои ҳимоякунанда, дастпӯшакҳо, ниқобҳои махсуси пластикӣ ва муқаррарии муҳофизатӣ ба таври ройгон дастрас намуда буд.

Иқдомҳои эҳсонкории соҳибкорон ва ширкатҳои ватанӣ, ки  дар пайравӣ аз ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳанд, ба таҳкими мубориза бо ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ва пешгирӣ аз идомаи паҳншавии онҳо мусоидат намуда, тадбирҳои зиддиэпидемикиро дар қаламарави мамлакат тақвият бахшанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412