Иштирок дар форуми шашуми тандурустии Созмони ҳамкории Шанхай

Иштирок дар форуми шашуми тандурустии Созмони ҳамкории Шанхай
Июл 01
13:16 2024

Дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми шашуми тандурустии байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар доираи Саммити панҷуми “Як камарбанд як роҳ” баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни баромади хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо назардошти сол то сол зиёд гардидани маблағгузории давлатӣ вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар беҳтар гардида истодааст.

Ҳамин тавр, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ дар бахшҳои илм, омодасозии мутахассисони баландихтисос, рақамикунонии соҳа, беҳтар намудани хизматрасонии беморхонавӣ, ба роҳ мондани табодули таҷриба байни табибони кишварҳои СҲШ ва дигар мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар доираи иштирок дар Форуми мазкур ҳамзамон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор беморхонаҳои шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин низ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.

Инчунин, номбурда дар беморхонаҳои мазкур бо табибони Тоҷикистон, ки дар ин ҷо ба такмили ихтисос ва курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, суҳбат анҷом дода, аз онҳо даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароиту имконоти мусоиди фароҳамгардида баҳри баланд бардоштани донишу таҷрибаи худ тамоми кушишу талоши хешро равона созанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412