Ҳисор: Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи зимистонгузаронии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шинос шуд

Ҳисор: Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи зимистонгузаронии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шинос шуд
Декабр 03
09:32 2021
Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи зимистон, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, баррасии масъалаву мушкилот ва таҳлили вазъи соҳа роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуда, пайваста аз рафти хизматрасонии тиббии муассисаҳои соҳа боздид менамояд.
Бо ин мақсад  2 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Ҳисор сафар намуда, бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Хона-интернати бемориҳои руҳӣ”-и шаҳри мазкур дидан намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаҳои мазкур ба таври кофӣ сӯзишворӣ, маводи хӯрока ва доруворӣ захира гардида, шӯъбаҳо пурра бо гармӣ таъмин мебошанд.
Аснои боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти муассисаҳои болозикр ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон ва бошандагон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412