Корҳои безараргардонию оммафаҳмонӣ оид ба пешгирии коронавирус дар ноҳияи Ёвон

Корҳои безараргардонию оммафаҳмонӣ оид ба пешгирии коронавирус  дар  ноҳияи Ёвон
Апрел 09
14:25 2020

Ба хотири пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти короновирус ва дар асоси дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва  паҳншавии сирояти  мазкур дар ноҳияи Ёвон чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Тавре аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ёвон хабар доданд, айни замон дар ноҳияи мазкур аз ҳисоби шӯъбаҳои дезинфексионии Маркази назорати давлатии  санитарию эпидемиологӣ ва маркази тропикӣ шӯъбаи дезинфексионӣ ташкил гардидааст.

То имрӯз аз тарафи гурӯҳҳои дезинфексионии ноҳия дар 1 ҳазору 133 хоҷагӣ, 100 муассисаҳои таълимӣ, 176 масҷид, бозори марказии ноҳия ва тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, корҳо дар ин самт дар деҳот ва дигар субъектҳои хоҷагидории ноҳия идома доранд.

Бояд гуфт, ки айни замон аз ҳисоби  кормандони сохторҳои соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ёвон 87 гурӯҳҳои ташфиқотию тарғиботӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо байни мардум оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корбарӣ менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,043
  • 2,085
  • 1,071,454