КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ: Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази саломатӣ ва таваллудхона дар ноҳияи Деваштич

Июн 18
15:28 2019

Корҳои сохмонии Маркази нави саломатӣ  дар ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич ва таваллудхонаи марказии ноҳия  бо маром идома доранд.

Маркази нави саломатии мазкур аз  8 ҳуҷраи корӣ иборат буда, пас аз ба истифода додани он вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ҷамоати деҳоти Яхтан беҳтар шуда, то 10 нафар кормандони соҳаи тиб бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд.

Инчунин айни замон корҳои сохтмонӣ дар таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич  ҷараён доранд. Таваллудхонаи мазкур 84 ҳуҷра иборат буда, барои 100 кати беморӣ пешбинӣ шудааст. Бо ба анҷомрасии корҳои сохтмонӣ тамоми утоқҳо бо навтарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

Имрӯзҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.

Бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ, дар баробари  сохтмони  иншоотҳои хизматрасониву маишӣ, корхонаву коргоҳҳои гуногун, инчунин бунёди муассисаҳои тиббӣ низ дар кишвар вусъати тоза касб намудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412