Корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 пурзӯр мешаванд

Корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 пурзӯр мешаванд
Сентябр 28
08:35 2020

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 имрӯзҳо дар ҳамаи гӯшаву канори кишварамон чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вусъати тоза мегиранд.​ Аз ҷониби бахши кор бо ҷомеа дар якҷоягӣ бо афсарони бахшу шӯъбаҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд қариб, ки ҳамарӯза​ дар минтақахое, ки сокинон зиёд ҷамъ мешаванд, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир менамоянд.

Ин навбат чунин корҳои таблиғотиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-уми​ шаҳри Хуҷанд​ ба номи Саидҷон Усаров воқеъ дар маҳаллаи 34-ум доир намуда, бо толибилмон доир ба пешгирӣ ва мубориза ба ин беморӣ мулоқот анҷом дода, зарурати риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиро бо мисолҳои возеҳ фаҳмониданд.

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки солимии ҷисму руҳи инсон аз худаш вобастагии калон дорад. Танҳо шаҳрвандонро мебояд, ки ҳангоми баромадан ба кӯча бояд ниқобҳои ҳимоятиро истифода баранд ва ҳаёти худ ва наздикони худро эҳтиёт кунанд.

Ҳамчунин, дар рафти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ  китобчаҳои иттилоотӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тақсим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412