Корея: Иштироки мутахассисони кишвар дар марҳилаи дуюми даври омӯзишӣ оид ба “Зарфиятсозӣ ва ҳисоботдиҳии қаблӣ дар соҳаи тандурустӣ”

Корея: Иштироки мутахассисони кишвар дар марҳилаи дуюми даври омӯзишӣ оид ба “Зарфиятсозӣ ва ҳисоботдиҳии қаблӣ дар соҳаи тандурустӣ”
Май 28
10:52 2024

Рӯзҳои 20-24-уми майи соли 2024 дар шаҳри Сеули  Ҷумҳурии Корея марҳилаи дуюми даври омӯзишӣ дар мавзӯи “Зарфиятсозӣ ва ҳисоботдиҳии қаблӣ дар соҳаи тандурустӣ” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат- Саид Давлатзода, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кумаки фаврии тиббӣ, Асадулло Шарапов, мутахассиси пешбари Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, Раҳмонов Эркин, сармутахассиси соҳавӣ оид ба бемориҳои сироятӣ, Рузиев Муродалӣ, директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон”, Ҳабибов Хуршед, сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ» ва Ҳамидов Зафар, муовини сартабиби Беморхонаи сироятии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Тибқи барномаи рӯзи аввал маросими расмии кушодашавии марҳилаи дуюми даври омӯзишӣ оид ба мавзӯи “Зарфиятсозӣ ва ҳисоботдиҳии қаблӣ дар соҳаи тандурустӣ” бо иштироки намояндагони  Эксимбонки Ҷумҳурии Корея, Донишгоҳи Ёнсеи Ҷумҳурии Корея ва Агентии кореягии назорат ва пешгирии бемориҳо (KDCPA) гузаронида шуд.

Ҳамзамон, дар рафти даври омузишӣ иштирокчиён аз Беморхонаи Северанс, Агентии кореягии назорат ва пешгирии бемориҳо (KDCPA) ва аз Маркази миллии тиббии Корея дидан намуданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар анҷоми даври омӯзишӣ аз ҷониби иштирокчиён нақшаи амал оид ба назорат ва пешгирии  бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар маҷмӯъ, иштирок дар даври дуюми омӯзишӣ оид ба  “Зарфиятсозӣ ва ҳисоботдиҳии қаблӣ дар соҳаи тандурустӣ” ба баланд бардоштани малакаи касбии иштирокчиён ва табодули таҷриба дар хориҷи кишвар, омӯзиши системаи пешрафтаи тандурустии Ҷумҳурии Корея мусоидат намуда, имконият дод, ки мутахассисони соҳаи тандурустии мамлакат аз дастовардҳои тиббии ин кишвар бархурдор гарданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 2,083
  • 623
  • 1,070,409