«Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ, воситаҳои ёрирасон ва муоинаи маъюбон” дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус

«Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ, воситаҳои ёрирасон ва муоинаи маъюбон” дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус
Октябр 27
15:40 2022

Дар асоси нақшаи амалҳо зимни баргузории «Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ, воситаҳои ёрирасон ва муоинаи маъюбон” ҳайати кормандони корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ” -и шаҳри Душанбе ба ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон сафар кард.

Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо вохурии мутахассисони корхона бо маъюбони минтақа, бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутахассисони шуъбаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ доир карда шуд. Иштирокчиён аз фаъолияти истеҳсолии корхона, баргузории чорабинии мазкур, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст ва бо дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардад, маълумоти зарурӣ пайдо кардаанд.

Дар ҷараёни сафар ба маъюбони ин минтақаҳо 158 адад воситаҳои тавонбахшӣ расонида шуд.

Ҳамзамон, зиёда аз 20 нафар маъюбон аз ташхиси мутахассисони соҳа, протезистҳо, ортопедҳо ва мутахассисони воситаҳои ҳаракаткунанда гузашта, инчунин бо воситаҳои тавонбахшӣ таъмин карда шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411